Овозхони наврас аз Панҷакент ситораи шабакаи ҷаҳонӣ шуд: видеои ӯ дар интернет дар муддати кӯтоҳ қариб 3 миллион тамошобин пайдо кард!
ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Видеои писарбачаи 16-солаи тоҷик Абдурозиқ, ки бо садои ғайриоддӣ ва самимона месарояд, дар Интернет шӯҳрати хоса пайдо мекунад. Овозхони ҷавон дар Тоҷикистон маҳбубият пайдо кардааст ва ҳоло талош дорад дар шабакаи ҷаҳонии Интернет низ шӯҳрати зиёд ёбад. Видеои «Оҳи дили зор»-и ӯ дар шабакаи YouTube дар муддати кӯтоҳ қариб 3 миллион тамошобин пайдо кард!
Абдурозиқ писари махсус – навраси шонздаҳсола аз деҳаи Ғиждарваи шаҳри Панҷакент аст.
Ҳунарманди ҷавон дар оилаи камбизоат ба воя расидааст ва падару модараш натавонистаанд бемории кӯдаки худро сари вақт табобат кунанд. Аз сабаби бемории рахит қадкашии Абдурозиқ инкишоф намеёбад, аммо ин барои гузаронидани ҳаёти мукаммал ва пур аз сурури овони наврасию ҷавонӣ ва нишон додани истеъдоди мусиқӣ ба ӯ халал нарасонидааст.
Дар кӯлбори ин писарбача аллакай як композитсияи яккахонӣ ҳаст, ки дар ҳама ҷои Душанбе садо медиҳад ва суруди нави ватанпарварона бо овозхони тоҷик Барон бо номи «Ватан-Модар» бомуваффақият сабт шуд. Ин видео низ дар Интернет маъруфият пайдо мекунад.
Номи Абдурозик рӯз аз рӯз маъруфтар мегардад ва аз рӯи наворҳои видеои гуногун, ки дар интернет пайдо мешаванд, чунин бармеояд, ки ин навраси ҳунарманд корҳои худро дар лоиҳаҳои нав идома доданист.
Ҳоло Абдурозиқ дар мактаб таҳсил мекунад, фанҳои дӯстдоштаи ӯ математика ва сурудхонӣ мебошанд. Илова ба сурудҳои эстрадӣ Абдурозиқ сурудҳои халқиро дар услуби шашмақом месарояд ва орзу дорад, ки ба мактаби мусиқӣ дохил шавад.
Дар баробари истеъдоди худодод ин сарояндаи наврас бо дониши худ, бахсусус дар соҳаит адабиёт ва фолклор, хислатҳои шӯхиомез, хандаҳои ҷолиб ва рӯҳияи болидаву меҳрубонӣ беназир аст. Ҳамин тавр, дар тӯли якчанд моҳ ӯ аллакай тавонист ба оилаи худ аз ҷиҳати моддӣ кӯмак кунад.










Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






