Президенти «Юнистрим» Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳоро навоварӣ дар самти бонкдории Тоҷикистон номид
ДУШАНБЕ, 06.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Президенти низоми пардохтии байналмилалии «Юнистрим» Кирилл Палчун Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳоро навоварӣ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон номид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мавсуф 5 декабр зимни мулоқот бо муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ибрози чунин баҳогузорӣ маркази мазкурро барои рушди бозори хизматрасониҳои интиқолӣ, ки таъминнокии молиявии ҳар як амалиёти фаромарзии интиқоли маблағҳоро кафолат медиҳад, муҳим арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо масъалаи тақвият бахшидани ҳамкориву васеъ намудани доираи хизматрасонӣ, арзону осон кардани хизматрасонии интиқоли маблағ ва дигар хизматрасониҳо тавассути низоми пардохтии «Юнистрим» дар ҳамкорӣ бо низоми бонкии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки то ба фаъолият оғоз намудани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ҳаққи хизматрасонии «Юнистрим» ба ҳисоби миёна ба Тоҷикистон 1,5 фоизро ташкил медод. Баъд аз пайваст шудан ба маркази мазкур ҷиҳати дастгирӣ намудани пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти ин низом ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағҳо аз 6 декабри соли 2019 то ба 0,99 фоиз поён фароварда шуд.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 3 декабри соли равон интиқоли тамоми маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ мешаванд.
Айни замон низомҳои пардохтии «Юнистрим» ва «Контакт» ба Маркази мазкур пурра пайваст шудаанд. Мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиёт ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар мамлакат ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиёти бехавф иборат мебошад.








Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
Дар Форуми байналмилалии бонкӣ-2026 масоили бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ баррасӣ шуданд
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд






