Путин қонун оид ба тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилона барои кор дар Россияро ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Россия Владимир Путин қонуни тасвиби созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои кори муваққатӣ дар ФР-ро ба имзо расонид. Ҳуҷҷат рӯзи шанбе дар портали интернетии расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, созишнома 17 апрели соли равон дар шаҳри Москва аз ҷониби президентҳои Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Россия имзо шуда буд.
Дар созишнома, аз ҷумла пешбинӣ шудааст, ки мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон уҳдадоранд номзадҳоро барои шуғл бо тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи корӣ сафарбар намуда, дар ҳолати зарурӣ барои шаҳрвандон омӯзиши касбӣ гузаронанд, ба онҳо барои гузаштан аз имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва асосҳои қононгузории Россия ва дигар омӯзишҳои зарурии пеш аз муҳоҷират мусоидат намоянд, инчунин сафар то ба ҷойи кори муваққатии онҳоро ташкил ва барои баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ба қаламрави Тоҷикистон мусоидат намоянд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар рӯйхати кофтукови байналмилалӣ ё байнидавлатӣ қарор доштани номзадҳои корҷӯй, инчунин мавҷудияти доғи судӣ нисбат ба онҳоро месанҷад.
Дар шартнома номгӯи талаботи ҳатмӣ барои корфармо, ки дар ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок мекунад, ҷойгоҳи махсус дорад. Ба инҳо таъмини муҳоҷирон бо шароити бехатари меҳнат, таъмини ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар ҷойҳои корӣ; набудани халалҳои бартарафнашудаи қонунгузории меҳнат ва муҳоҷирати Федератсияи Россия; мавҷуд набудани садамаҳои истеҳсолӣ дар тӯли як сол пеш аз санаи изҳори хоҳиши иштирок дар ҷалбкунии муташаккил, инчунин мавҷуд набудани қарзи музди меҳнат дохил мешаванд.
ДАР АКС: Лаҳзаи имзои Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои кори муваққатӣ дар ФР. Москва, Кремл, 17 апрели соли 2019.








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






