Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад: «маъюб»-и солим ба даст афтод
ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат Муборакшо Зиёеви 23 –сола дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ду адад асобағал дар даст худро маъюб нишон дода, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекард. Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян гардид, ки номбурда дар асл сиҳату саломат буда, танҳо ба хотири ба даст овардани маблағ ба ин кор машғул будааст.
Тавре аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба М.Зиёев барои ин амали нанговар санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол гардид.
Бояд гуфт, ки саломатӣ барои ҳар инсон қиматтарин ганҷ аст. Мутаассифона, дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки ба қадру қимати ин ганҷи бебаҳо нарасида, бо нишон додани ҳолати ҳузнангези худ ва бедор намудани ҳиссиёти раҳму шафқат дар дили шаҳрвандону атрофиён мехоҳанд аз ин ҳисоб маблағу даромади муфт ба даст оваранд. Ин амал нанговар буда, оини ҷавонмардӣ нест.








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






