Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад: «маъюб»-и солим ба даст афтод

Декабрь 20, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат  Муборакшо Зиёеви  23 –сола  дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе  ду адад асобағал дар даст  худро маъюб нишон дода,  аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекард. Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт  муайян гардид, ки номбурда дар асл сиҳату саломат буда, танҳо ба хотири ба даст овардани маблағ ба ин кор машғул будааст.

Тавре аз  маркази матбуоти  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба  М.Зиёев  барои ин амали нанговар  санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол гардид.

Бояд гуфт, ки саломатӣ барои ҳар инсон қиматтарин ганҷ аст. Мутаассифона, дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки ба қадру қимати ин ганҷи бебаҳо нарасида, бо нишон додани ҳолати ҳузнангези худ ва бедор намудани ҳиссиёти раҳму шафқат дар дили шаҳрвандону атрофиён мехоҳанд аз ин ҳисоб маблағу даромади муфт ба даст оваранд. Ин амал нанговар буда, оини ҷавонмардӣ нест.

Декабрь 20, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад