Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии водии Ҳисор ба омӯзиши стандартҳои байналмилалии кишоварзӣ фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 06.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. 35 нафар роҳбар ва масъулини хоҷагиҳои деҳқонии водии Ҳисор оид ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, семинари омӯзишӣ 5 декабр аз ҷониби Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартикунонии Агентии «Тоҷикстандарт» доир гардида, дар он кишоварзони шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҷумҳурии аграрӣ буда, дорои шароити мусоиди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат мебошад.
«Солҳои охир бо зиёд шудани бунёди боғҳо дар қаламрави мамлакат истеҳсоли меваи тару тоза ва хушк афзоиш ёфт. Аз ин рӯ, имрӯз зарурат ба миён омадааст, ки барои содироти маҳсулоти мазкур ба хориҷи мамлакат аз тамоми имкониятҳои мавчуда истифода шавад. Дар ин самт ҷиҳати беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо роҳандозӣ гашта истодаанд», — гуфт сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартикунонии Агентии «Тоҷикстандарт» Сӯҳроб Ашурзода.
Дар семинар инчунин ба иштирокдорон оид ба стандарти кишоварзии «GLOBAL. G.A.P-таҷрибаи хуби аграрӣ» барои содирот ба хориҷи мамлакат, истифодаи стандартҳои кишоварзии сифат дар регламентҳои техникӣ, стандартҳои байналмилалии Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид – «ЕЭК ООН FFV-25» барои содирот ва ғайра маълумот дода шуд.








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






