Шаҳноз Раҳматуллозода: «Мо фарҳанги пӯшидани либосҳои миллии худро дорем ва бояд онро ҷонибдорӣ намоем»

Декабрь 16, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мо анъанаҳои миллии худро дорем, аз ҷумла либоси миллӣ –чакан, атлас ва рӯймол, ки зебо ва тоҷикона ҳастандЛибосҳои тоҷикидӯхт ва  шинам дар фарҳанги зебоишиносии миллии мо нақши муҳим гузоштаанд. Мотоҷикон воқеан ҳам фарҳанги пӯшидани либосҳои миллии худро дорем ва бояд ин гуна арзишҳоро ҷонибдорӣ намоем. Ин нуктаро муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноз Раҳматуллозода зимни семинар-машғулият иброз намуд.

Мавриди зикр аст, ки 13 декабр дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тақвият додани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ ва шарҳу тавзеҳи моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби либосҳои миллӣ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии бегонапарастии занону ҷавонон семинар-машғулият баргузор гардид.

Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ дар ҳамоиш иброз намуд, ки солҳои охир бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. «Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб шуда, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост».

Ҳамчунин мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамирзода зикр кард, ки «Қонуни танзим ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат равона гардидааст. Ҳадафи дигари он рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму ойинҳои мардумӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои фарҳангу тамаддуни бою қадимии миллати тоҷик мебошад».

Ёдовар мешавем, ки соли 2007 баъди гузаронидани назарсанҷиҳои умумихалқӣ ва бо дарназардошти андеша, пешниҳод ва таклифҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» қабул гардида, пас аз тасдиқи он аз 70 номгӯй ҷашну маросими миллӣ дар мамлакат танҳо 15 номгӯй  боқӣ монд.

Декабрь 16, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид