Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ аз тамошои Паёми навбатии Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд
ДУШАНБЕ, 26.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар 57 ҷойи ҷамъиятӣ ва 162 муассисаи таълимии ноҳия пахши мустақими телевизионии Паёми навбатии Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуда, аз он рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.
Мудири китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Рӯдакӣ Муҳайё Инатуллоева зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо таваҷҷуҳи зиёд шунидем. Он дар даврае пешниҳод шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди саноатӣ ворид гардида, таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ва дастгирии халқи соҳибмаърифату тамаддунсоз ва соҳибкорони бонангу номус бо роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд собитқадамона пеш меравад. Ҳамчунин Паёми навбатии Пешвои миллат ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ ва дастуруламали босамари фаъолияти давлат дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад».
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозорӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди иқтисодӣ-иҷтимоӣ барои сокинони ҷумҳурӣ сол аз сол беҳтар гардида, лоиҳаҳои наву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.
Раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ Ҷунайдулло Файзализода иброз дошт, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб — Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук — Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афгонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд. Амалишавии ин лоиҳаҳои бузург дар солҳои наздик барои рушди босуръати иқтисодии ватани азизамон таъсири нек мерасонад».










Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






