Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Паёми Пешвои миллатро бо мароқ тамошо намуданд

Декабрь 26, 2019 17:30

ХОРУҒ, 26.12.2019 (АМИТ «Ховар»/. Кормандони раёсат ва шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона дар толори калон тамошо карданд. 

Сардори Раёсати рушди иқтисоди вилоят Латиф Шозодаев гуфт, ки “Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба таъмини пешрафти минбаъдаи соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар назди сохторҳои марбута вазифаҳои мушахас гузоштанд. Мо, сокинони вилоят аз он хушҳол шудем, ки Президенти мамлакат масъалаи  таъмиру навсозии  қитъаи роҳи Дарвоз- Ванҷро дар миён гузошта, изҳор намуданд, ки ба ин мақсад аз буҷети ҷумҳурӣ 2,2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Воқеан ин қитъаи роҳ хеле харобу душворгузар мебошад. Ҳарчанде ки масофаи ин роҳ ҳамагӣ 100 километр аст, аммо вақти бештари мусофирону ронандагон маҳз дар ҳамин масир мегузарад. Агар ин қитъаи роҳ навсозӣ шавад, мусофирон аз Душанбе ба шаҳри Хоруғ дар муддати  7- 8 соат мерасанд, аммо ҳоло ин масофаро дар зарфи 14 — 16 соат тай мекунанд”.

Мавсуф гуфт, ки “ҳамчунин як хабари дигари хуше, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат шунидем, ин бунёди Неругоҳи барқи обии Себзор мебошад. Барои бунёди ин неругоҳ аз буҷети ҳукумати ҷумҳурӣ зиёда аз 450 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳоло сокинони вилоят 24 соат ба барқ дастрасӣ доранд, аммо барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ниёз ба неруи изофии барқ вуҷуд дорад. Боварии комил дорем, ки сохторҳои гуногуни давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва худи шаҳрвандони мамлкат барои дар амал татбиқ намудани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.

Декабрь 26, 2019 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад