«Сомон Эйр» соҳиби ҷоизаи тиллоии «Бренди сол-2019» гардид

Декабрь 20, 2019 08:43

ДУШАНБЕ, 20.12.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ҷоизаи «Бренди сол — 2019» қадрдонӣ гардид. Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ин ширкати ҳавопаймоӣ мукофоти тиллоӣ ба даст овард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол» зери унвони «Қуллаи шараф» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахшҳои хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронида шуд. Ташаббускори озмуни мазкур Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”–и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақсади асосии озмун – ташвиқу тарғиби зарурати ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайдо ва пешниҳоди намунаҳои самараноки идоракунии бренд, ҳавасмандгардонии ширкатҳо доир ба истифодаи брендинг ба ҳисоб меравад.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мукофоти аввалини «Бренди сол»–ро соли 2013 ба даст оварда буд. Соли 2019 барои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бозори интиқоли авиатсионии байналмилалӣ бобарор омад. Дар соли сипаришуда ширкати ҳавопаймоӣ иштироккунандаи расмии ҳамаҷонибаи интерлайн-созишномаи MITA (Multilateral Interline Traffic Agreements) оид ба интиқоли борҳо гардид, ки таҳти ҳимояи Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) амал мекунад. Он ҳамзамон  маркази таълимии авиатсионии (МТА) худро барои мутахассисони соҳаҳои гуногун ифтитоҳ намуд, ба Кумитаи номзадҳои ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) шомил шуд, парки худро бо чархболи Н125 ғанӣ гардонида, ҷуғрофияи парвозҳои худро бо кушодани хатсайри нави байналмилалии Душанбе – Деҳлӣ — Душанбе васеъ намуд.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, АМА, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият иҷро мекунад.

Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 -900 ва чархболи Airbus Н125 иборат мебошад.

Декабрь 20, 2019 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ