СУРАТ-ДАЛЕЛ: «БА ХОТИРИ МАРДУМ, МУКОЛАМА ВА СУБОТ». Дар Братислава ҷаласаи 26-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 06.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5-уми декабр дар шаҳри Братиславаи Словакия ҷаласаи 26-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии (ШВКХ) САҲА ҷараён дорад, ки дар он беш аз 40 нафар вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои САҲА иштирок мекунанд. Миёни онҳо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ ҳузур дорад.
Дар ҷаласа, ки таҳти шиори «Ба хотири мардум, муколама ва субот» баргузор мешавад, масъалаҳои амният дар Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон, инчунин мушкилоти мавҷуда баррасӣ хоҳанд шуд.
АКС аз Александр Шербак (ТАСС).