УМУРИ БОНКДОРӢ. «Спитамен Бонк» ва «Росселхозбонк» муносибатҳои мустақими муросилотӣ барқарор намуданд
ДУШАНБЕ, 22.12.2019/АМИТ «Ховар»/. 18 декабр ҶСП «Спитамен Бонк» ва «Росселхозбонк» (ҶС «Бонки хоҷагии қишлоқи Россия») ҷиҳати ба роҳ андохтани муносибатҳои мустақими муросилотӣ созишнома ба имзо расониданд, ки дар натиҷаи он суратҳисобҳо бо се асъори асосӣ кушода шуданд: доллари ИМА, ввро ва рубли русӣ, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод бо «Спитамен Бонк».
Дар фаъолияти худ «Спитамен Бонк» кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои дарозмуддати мутақобилан судмандро тавассути васеъ намудани робитаҳои муросилотӣ бо бонкҳои пешрафтаи ҷаҳон густариш диҳад.
Мавҷудияти ҳисобҳои муросилотии мустақим ба «Спитамен Бонк» имконият медиҳад, ки ба мизоҷон доираи васеи хизматрасониҳоро бо асъори хориҷӣ, ки дар амалияи байналмилалӣ татбиқ мешаванд, пешниҳод намояд.
Маълумоти муфассалро дар бораи шартҳои ҳисоббаробаркуниҳои мустақими муросилотӣ аз наздиктарин филиал ва Марказҳои хизматрасонии бонкии Спитамен Бонк, аз сомонаи расмӣ бо суроғаи https://www.spitamenbank.tj ва ё тавассути рақамҳои Маркази тамос (Call-цент): (+992) 44 640-65-65 (зангҳо ба рақами кӯтоҳи 6565 аз ҳамаи ҳамаи операторони мобилӣ — ройгон) дастрас кунед.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






