Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Салтанати Уммон мулоқот намуд

Декабрь 20, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр дар Масқат муовини Сарвазири  Салтанати Уммон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот Вазири корҳои хориҷии давлати мо паёми расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Султони Уммон Қобус бин Саид ба мусоҳиби худ супорид.

Дар вохӯрӣ ҳамкории дуҷониба байни ду давлат ва таҳкими баъдии он дар арсаҳои мухталиф баррасӣ гардида, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки бо саъю талошҳои муштарак робитаҳои дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав бароранд ва барои расидан ба ҳадафҳои воло тадбирҳои зарурӣ андешанд.

                                                                             Акс аз ВКХ ҶТ

Декабрь 20, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд