«ФАЗИЛАТИ ПЕШВО». Китобе, ки фаъолияти доманадори Президенти Тоҷикистонро ба нафъи миллату Ватан бозгӯӣ менамояд

Декабрь 24, 2019 10:34

ДУШАНБЕ, 24.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Устоди  зиндаёд  Мирзо Турсунзода ҳамеша таъкид менамуданд, ки халқи тоҷик аз азал завқи каломи воло дорад. Воқеан, ашхоси гуногун  сарфи назар аз касбу кору пешаи худ ба эҷоди асарҳои бадеӣ даст задаанд ва аксаран муваффақ ҳам шудаанд.  Дар ин бобат мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Зикри номи марди накӯном Ҳабибулло Назаров кофист, ки ходими  намоёни давлатӣ, Раиси Суди Олӣ, Вазири адлия, ҳуқуқдони маъруф буд ва ҳамзамон хонандаи тоҷик ӯро ба ҳайси нависанда, муаллифи як зумра китобҳои хонданбоб, аз ҷумла повести басо шавқовари «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона»  мешиносад, ки ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ аз зумраи чунин  нафарони  эҷодкор аст, ки ба қаламаш чандин асарҳои манзуму мансур мутааллиқ мебошанд. Намунаҳои  ашъори ӯ мунтазам дар рӯзномаю маҷаллаҳо  нашр мегарданд ва бастакорон ба онҳо оҳанг мебандад.  Шеъри ӯ “Меарзӣ”-ро дар бораи Пешвои миллат чандин сарояндагон  оҳанг баста, замзама мекунанд.

Инак, китоби навбатии Р.Раҳимзода таҳти унвони «Фазилати Пешво» дастраси хонандагон гардид. Онро метавон  дастури таълимӣ низ номид, зеро дар пешгуфтораш омадааст: «Ин китобест дар бораи фазилатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фаъолияти доманадори эшон ба нафъи миллату Ватан  мактаби  сиёсати давлатдорӣ ва намунаи олии хизмати фидокорона барои халқ мебошад».

Муҳтавои китоб аз номи бобҳояш баръало ҳувайдост: «Шоҳкорҳо барои давлату миллат», «Ваҳдати тоҷикон аз хиради Ҷаноби Олӣ буд», «Бо мардум будан мароми ӯст», «Сулҳовар ва наҷотбахши миллат», «Дипломат ва суханвар», «Афкори башардӯстона ва андешаи ҷаҳонситоӣ» ва ғайра.

Ҳар касе ин китобро мутолиа намояд  ва саҳифаҳои рӯзгори андак  каме сисолаи  Сарвари давлатро  варақгардон кунад, бешак итминони комил ҳосил хоҳад кард, ки мардуми Тоҷикистон, халқе, ки бо Пешвои муаззамаш роҳи  пурпечутоб ва ҳамзамон пуршарафро тай намудааст, ӯро ба шарофати хизматҳои бузургаш дар назди наслҳои имрӯзаву оянда дар радифи абармардони миллат Садриддин Айнӣ,  Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон эълон кардааст.

Китоби мазкур басо омӯзанда буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст. Хотирнишон  месозем, ки  чанд сол муқаддам дар бораи Президенти Тоҷикистон китоби рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Геннадий Шалоев таҳти унвони «Долгий путь к миру» («Роҳи тӯлонӣ ба сӯи сулҳ») ба нашр расида буд.

Баъдан онро Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуҳамиди Самад ба тоҷикӣ тарҷума кард, ки арзишаш баҳои воқеъбинона ва холисона ба кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мебошад.

Ба китоби тозанашр — «Фазилати Пешво» мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Асадзода ва академик Носирҷон Салимӣ тақриз навишта, сифатҳои бадеии онро таъкид сохтаанд.

Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии  АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2019 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд