Захираи маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад

Декабрь 6, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 06.12.2019/ АМИТ «Ховар»/.  Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ аз 1 декабр фурӯши онро оғоз намуд. Имсол Иттифоқи мазкур  ба миқдори 1120 тонна пиёз, 1005 тонна картошка, 150 тонна мева ва 200 ҳазор қуттии шартӣ консерваи сабзавотӣ захира намудааст. Инчунин ташкилоту хоҷагиҳои соҳа бо 960 тонна ангишт таъмин гардидаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» пас аз таъмиру тармими анборҳо, сардхонаҳо, таҷҳизоту инвентарҳо қуттию борҷомаҳоро барои маҳсулоти кишоварзӣ пурра  омода намудааст.

Бояд гуфт, ки Иттифоқи Тоҷикматлубот 29 марти соли 2019 Қарорро дар бораи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолиятӣ мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» тасдиқ намуда буд.

Ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он барои сокинони мамлакат Ситод оид ба ҳамоҳангсозии корҳо дар ҳайати 11 нафар бо роҳбарии раиси Раёсат ташкил гардид.

Бояд тазаккур дод, ки мамлакати мо дорои имкониятҳои васеи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Бо дарназардошти ин, дар сурати оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои истеҳсолии соҳа мо метавонем худро бо маҳсулоти ғаладонагӣ, меваю сабзавот, гӯшту шир ва дигар намудҳои озуқа таъмин намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008  чунин иброз дошта буданд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем».

Тавре котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иброз дошт,  имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ тамоми кӯшиши худро барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва пурнозу неъмат гардонидани дастурхони аҳолӣ равона намудаанд.

Мавсуф иброз дошт, ки «таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат эълон карда шудааст. Аз ин рӯ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини мардум бо маҳсулоти хушсифат  тамоми тадбирҳоро меандешад».

Ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то охири моҳи октябр дар мамлакат ба миқдори 565 ҳазору 688 тонна картошка, 470 ҳазору 868 тонна пиёз, 40729 тонна карам, 198 ҳазору 425 тонна помидор, 84286 тонна бодиринг, 103 ҳазору 219 тонна сабзӣ, 215826 тонна мева, 100 435 тонна ангур ва 456 425 тонна полезиҳо ҷамъоварӣ  шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд.

Яке аз сабабҳои серҳосилӣ самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агротехникаи парвариши зироати кишоварзӣ мебошад.

Тавре муовини сардори Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилҷон Ҳамидов иброз дошт,  «хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат  бо маҳсулоти озуқаворӣ дар айни замон фаъолияти пурсамар доранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ сол то сол  меафзояд. Агар соли 1991 истеҳсоли зироати ғалладонагӣ 304,4 ҳазор тоннаро ташкил медод, соли 2018 он ба 1 млн 295 ҳазор тонна расид».

Масъулинро мебояд барои зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ дар соли оянда аз имрӯз тадбир андешанд.

Декабрь 6, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд