16-17 январ дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва боридани барф дар назар аст

Январь 15, 2020 15:51

ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 январ дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 7-13 то 14-19 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона  25-30 то 31-36  рӯзона 10-15 дараҷа хунук мешавад.

16- 17 январ дар вилояти Суғд низ ҳаво абрнок шуда, боридани  барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук шуда, рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва   рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

16 январ  дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, танҳо охири рӯз дар доманакӯҳҳо барфи суст меборад.  Санаи 17 январ  боришоти борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар  ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона 3-8 дараҷа хунук шуда, рӯзона  аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво 16 январ абрнок шуда, танҳо нимаи дуюми рӯз боридани барф аз эҳтимол дур нест. 17 январ низ бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва  рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.

Инчунин  ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ дар ин рӯзҳо дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ яхбандӣ, пайдоиши қабати барф ва ҷамъшавии барфтӯдаҳо аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Дурии биниш дар ағбаҳо то масофаи 300 метрро ташкил медиҳад.

Январь 15, 2020 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд