27 январ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2019 оғоз мегарданд

Январь 23, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 23.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва  ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2019  оғоз мегарданд.

Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.

Масъулини вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, ба рақамҳои 221-34-24, 888-08-34-04 занг зада, бояд вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд.

Ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 27  январ оғоз гардида, 14 феврал анҷом меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки  нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  доир карда мешаванд.

Январь 23, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎