Ҳаҷми маҳсулоти моҳӣ дар Тоҷикистон 31,2% афзуд
ДУШАНБЕ, 18.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти моҳипарварӣ дар давоми моҳҳои январ — декабри соли 2019 52,1 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,2% зиёд мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Дар моҳҳои январ-декабри соли 2019, сайдгирии моҳӣ дар тамоми кишвар 2749,3 тонна, аз ҷумла дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон — 2236,3 тонна, вилояти Суғд — 369,9 тонна ва ВМКБ — 48,1 тоннаро ташкил дод», — афзуд манбаъ.
Аз рӯи маълумоти манбаъ, ҳаҷми умумии навъҳои асосии моҳиро инҳо ташкил медиҳанд: моҳии пешонағафс — 547,4, сазан — 179,5, гулмоҳӣ 42,2, амури сафед — 233,1 ва судак — 28,5, тоннаро ташкил медиҳанд. Навъҳои дигари моҳӣ аз 1718, 6 тонна иборат мебошанд.








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






