ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бунёди беш аз 2 ҳазор иншоот дар Суғд ва соҳиби шуғли доимӣ гардидани занону духтарони хонашин
ДУШАНБЕ, 2.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими 2 ҳазору 471 иншоот пешбинӣ шуда, дар ёздаҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон, кумитаи падару модарони муассисаҳои соҳаи маориф ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2 ҳазору 293 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, бо бунёди иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ қишрҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус занону духтарони хонашин бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими беш аз 7 ҳазор иншоот бо шумули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, қасрҳои фарҳанг, 39 боғи фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо, китобхонаҳо, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, дорухонаҳо, сартарошхона, ҳаммом, кошонаҳои ҳусн, марказҳои савдову хизматрасонӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, меҳмонхонаҳо ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.








Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд






