ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бунёди беш аз 2 ҳазор иншоот дар Суғд ва соҳиби шуғли доимӣ гардидани занону духтарони хонашин

Январь 2, 2020 08:52

ДУШАНБЕ, 2.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба  истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими 2 ҳазору 471 иншоот пешбинӣ шуда, дар ёздаҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон, кумитаи падару модарони муассисаҳои соҳаи маориф ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2 ҳазору 293 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти  матбуоти  Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, бо бунёди иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ қишрҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус занону духтарони хонашин бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими беш аз 7 ҳазор иншоот бо шумули  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, қасрҳои фарҳанг, 39 боғи фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо, китобхонаҳо, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, дорухонаҳо, сартарошхона, ҳаммом, кошонаҳои ҳусн, марказҳои савдову  хизматрасонӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, меҳмонхонаҳо ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Январь 2, 2020 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид