ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Восеъ соҳибкорони маҳаллӣ иншооти фарҳангию фароғатӣ месозанд
ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони якчанд иншоот идома дорад. Бунёди меҳмонхонаи замонавӣ ва 6 гармхонаи парвариши сабзавоти барвақтӣ аз зумраи онҳост. Зимни сафари корӣ ба ин ноҳия раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур шинос шуд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии меҳмонхонаи муосир дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бунёди он то ҷашни таърихӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Раиси вилоят инчунин аз хоҷагии деҳқонии Файзи Саид, ки дар он 6 гармхонаи парвариши помидори барвақтӣ бунёд ёфтааст, боздид ба амал овард. Айни замон дар гармхонаҳо помидори барвақтӣ ғарқи ҳосил аст.
Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки таъсиси чунин гармхонаҳо метавонад дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи тозаи барвақтӣ мусоидат кунад.
Бояд илова намуд, ки оилаи Саидовҳо дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ боғи истироҳативу фароғатиро, ки дар масоҳати 3 гектар доман паҳн кардааст, бунёд намудаанд.
Раиси вилоят азми бунёди чунин боғи истироҳатиро аз ҷониби оилаи Саидовҳо рамзи ободгарӣ ва меҳанпарастӣ арзёбӣ намуда, онро намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ барои дигар соҳибкорон хонд.










Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






