Қабули Қонун «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» — идомаи мантиқии сиёсати созандаи Пешвои миллат

Январь 4, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 04.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, дирӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расонида шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз ҷумлаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии ба имзорасида буда, дар маҷмӯъ, барои беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» 8 декабри соли 2003, яъне 16 сол қабл қабул гардида буд. Бо назардошти тағйир ёфтани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, инчунин ба таври ҷиддӣ фаъолшавии гурӯҳҳои экстремистӣ зарурат пеш омад, ки он дар таҳрири нав қабул карда шавад.

Маҳз бо ин мақсад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 бо таҳлили дурбинонаи вазъ ва ёдоварӣ аз ҳодисаҳои мудҳиши террористии солҳои охир дар ҷаҳони муосир масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Бо назардошти супориши мазкур ҷиҳати иҷрои банди 56 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 баён гардиданд, аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ лоиҳаи нави Қонун таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардид.

Ҳамин тариқ, 21 июни соли 2019 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» мавриди муҳокимаи аъзои Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. 28 ноябри соли 2019 Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи Қонунро баррасӣ ва қабул намуда, он 25 декабр аз ҷониби аъзои Палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дастгирӣ ёфт ва 2 январи соли 2020 аз тарафи Президенти мамлакат ба имзо расид.

Муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода дар дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки 28 ноябри соли 2019 доир гардид, масъалаи мазкурро дар назди вакилони мардумӣ шарҳ дод.

«Лоиҳаи қонуни мазкур бо риояи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардида, мафҳуми экстремизм, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд»,- гуфт мавсуф.

Зикр гардид, ки дар номи лоиҳаи Қонун калимаи «мубориза» ба калимаи «муқовимат», ки мафҳуми васеътар мебошад, иваз шудааст. Зеро мафҳуми «муқовимат ба экстремизм» маҷмӯи чораҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, мубориза ва рафъи экстремизмро дар назар дорад.

«Муродифи калимаи «экстремизм» — «ифротгароӣ» бо мақсади аз байн бурдани такроршавии мафҳумҳо истифода нашуда, дар шарҳи мафҳуми «экстремизм» оварда шудааст. Мафҳумҳои асосие, ки дар лоиҳа истифода мешаванд, бо тарзи нав ва дарназардошти меъёрҳои санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мушаххас карда шудаанд», — зикр шуд дар ҷаласаи болозикр.

Ба иттилои муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар лоиҳаи қонун ба асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм, чораҳои мушаххаси ин муқовимат, баҳисобгирӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ташкилотҳои экстремистӣ ва шахсони ба фаъолияти экстремистӣ дастзада, инчунин ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм, бобҳои алоҳида бахшида шудаанд.

Инчунин тибқи лоиҳа, Рӯйхати субъектони муқовимат ба экстремизм васеъ гардида, он ба субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, тақсим ва ҷиҳати амалӣ намудани фаъолият ваколатҳои онҳо дақиқ карда шудааст.

Ба гуфтаи Ҳотам Назарзода, ҳангоми таҳияи лоиҳа таҷрибаи дигар давлатҳо ва Қонуни моделӣ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», ки 14 майи соли 2009 аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ қабул гардидааст, ба инобат гирифта шуд.

Тавре зикр намудем, 25 декабр дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни мазкур мавриди дастгирӣ ва ҳамовозӣ қарор гирифт.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қаноатшо Лоиқзода масъалаи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро шарҳ дода, гуфт: «Қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовимат бо экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва асосҳои сохтори конститутсионӣ муайян намуда, аз 6 боб ва 30 модда иборат мебошад».

Дар боби якуми қонуни мазкур, — гуфт мавсуф, мафҳумҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи муқовимат бо экстремизм, принсипҳо, самтҳо ва вазифаҳои асосии он дарҷ гардида, дар моддаҳои дигари он ҳолатҳои дар Тоҷикистон фаъолияти экстремистӣ ҳисобшаванда номбар ва муайян шудаанд.

«Дар Қонун салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои муқовимат бо экстремизм ва ваколатҳои онҳо, инчунин уҳдадориҳои шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва кафолати давлатӣ нисбат ба шахсоне, ки дар муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб кумак мерасонанд, муайян гардидаанд»,- афзуд Қаноатшо Лоиқзода.

Зимнан, метавон ёдовар шуд, ки бо мақсади пешгирии амалу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ, инчунин мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин ҷода, қонунгузории Тоҷикистон меъёрҳои афзалиятнокро пешниҳод намудааст.

«Содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки сабаби хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, терроризм мебошад»,- гуфта мешавад дар моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин дар шарҳи моддаи мазкур омадааст: «Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад».

Гуфта мешавад, ки тибқи муқаррароти боби 3-и Қонун  меъёрҳо доир ба чораҳои умумӣ ва махсуси пешгирии фаъолияти экстремистии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои дигар ва шахсони воқеӣ муайян гардида, мутобиқан шахси ҳуқуқӣ дар асоси аризаи прокурори генералӣ ва танҳо бо санади суд метавонад ташкилоти экстремистӣ эътироф шавад. Дар ин замина, маблағгузории экстремизм сабаби  ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузорӣ гардида, ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд хизматрасониро ба ташкилотҳои экстремистӣ рад намоянд.

Қабули Қонуни зикргардида идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо терроризму экстремизм мебошад. Зеро дар мамлакат санадҳои меъёриву ҳуқуқии дигаре ҳастанд, ки ба ин мақсад нигаронида шудаанд.

Яъне дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ҳеҷ як мамлакат наметавонад аз терроризму экстремизм дар канор монад.

Ин аст, ки бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз моҳи ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии муқовимат бо терроризм ва ифротгарой барои давраи солҳои 2016-2020» ба тавсиб расид.

Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамоянд, идомаи мантиқии тадбирҳои дар ин ҷода андешидашуда мебошанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» идомаи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин, пойдорӣ ва гиромидошти  истиқлолият, озодӣ, Ваҳдати миллӣ ва шукуфоии Тоҷикистони озод мебошад.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

 

Январь 4, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»