Асали тоҷик ва оби «Сиёма» дар Намоишгоҳи байналмилалии «Ноrti-Ехро» дар Покистон муаррифӣ гардиданд

Январь 30, 2020 16:44

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон занбӯрпарвар Салим Салимов ва ширкати нӯшокиҳои ташнагишикани «Сиёма» дар Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии «Ноrti-Ехро», ки дар Покистон баргузор гардид,  ширкат намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,   дар намоишгоҳ маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ  ба намоиш гузошта шуданд. Тоҷикистон асал ва оби «Сиёма»-ро ба намоиш гузошт.

Дар доираи  намоишгоҳ форуми  байналмилалӣ дар мавзӯи   «Рушди содироти маҳсулоти хӯрокворӣ»  доир гашт, ки дар он намояндагони Тоҷикистон  ширкат намуданд.

Намояндагони   ширкатҳои Тоҷикистон бо мақсади содироти  маҳсулоти ватанӣ бо ширкатҳои  хориҷӣ, соҳибкорони Британияи Кабир, Полша, Туркия, Покистон ва  Афғонистон   мулоқоти судманд анҷом доданд.

Тавре занбӯриасалпарвар Салим Салимов зикр намуд,  ширкат дар чунин намоишгоҳҳо  барои соҳибкорон хеле манфиатбахш аст.

Ба асали тоҷик ширкатҳои  Британия, Полша ва Туркия  таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Онҳо ният доранд оид ба ҳамкорӣ дар самти содироти асал созишномаи дуҷониба банданд.

Қобили зикр аст, ки Палатаи савдо ва саноати  ҷумҳурӣ барои иҷро намудани дастурҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати зиёд кардани ҳаҷми  содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ки  ҷавобгӯи  меъёрҳои экологӣ мебошад, тадбирҳои дахлдор меандешад.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои иштироки   соҳибкорони мамлакат   дар якчанд намоишгоҳҳои байналмилалӣ  ҷиҳати муаррифӣ ва пешбурди  маҳсулоти ватанӣ  мусоидат менамояд.

Январь 30, 2020 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид