Балҷувон: соҳибкорони маҳаллӣ ба корҳои соҳилбандӣ ва роҳсозӣ ҷалб гардиданд

Январь 11, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон масъулин бо мақсади  пешгирӣ аз офатҳои табиӣ  ба корҳои соҳилбандӣ ҳанӯз  аз  фасли тобистон  шурӯъ карда,    мақсад доранд, ки  то оғози  боронҳои сели баҳорӣ онро ба анҷом расонанд.

Мавриди зикр аст, ки  дарёи Сурхоб аз маркази ноҳияи Балҷувон мегузарад ва дар фасли баҳор,  дар натиҷаи бориши барфу боронҳои зиёд серобу маҷрояш баланд гардида,   соҳилҳои он рахна меёбанд, ки дар натиҷа   ба хоҷагии халқи ноҳия ҳисороти зиёд  мерасонад.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Сулаймон Холов иттилоъ медиҳад, баҳри пешгирӣ аз рахнашавии соҳилҳо шурӯъ аз моҳи июни соли гузашта  дар ду паҳлӯи ин дарё корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд.

Айни замон барои соҳилбандии канори рости дарё дар маркази ноҳия бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамияти дорои масъулияташ махдуди «Тоҷикроҳсоз» бо ҷалби техникаи зарурӣ ва мутахассисону сохтмончиёни маҳаллӣ корҳои сохтмониро идома медиҳанд. Соҳилбандӣ аз рӯи лоиҳа ҷавобгӯ ба талабот ва меъёрҳо ба роҳ монда шудааст. Ҷараёни  корро  роҳбарияти ноҳия ва дигар сохторҳои масъул пайваста назорат мебаранд. Ҷамъияти  «Тоҷикроҳсоз» дар ин мавзеъ мебояд 1200 метри соҳилро тариқи оҳану бетон мустаҳкам намояд ва корҳо то оғози боронҳои сели баҳори анҷом дода шаванд.

Дар дигар мавзеъҳои ноҳия  низ корҳои соҳилбандӣ идома доранд. Дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон  соҳибкорони маҳаллиро низ ҷалб кардааст.

Дар назди деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳия  соҳибкорони маҳаллӣ мақсад гузоштаанд, ки соҳили дарёро дар масофаи беш аз 750 метр мустаҳкам намоянд. Дар ин мавзеъ ҳамасола рахнашавии соҳил роҳи сокинони 6 деҳаро  вайрон мекард, ки рафтуомади онҳоро  ба маркази ноҳия мушкил мегардонид. Ҳоло 12 адад техникаи пуриқтидор дар кашонидани сангу шағал ва баланд бардоштани соҳил машғули коранд. Рӯзҳои наздик тариқи ҳашар симтурбандиро оғоз менамоянд.

Тавре сокини ноҳияи Балҷувон Шариф Исоев иттилоъ дод, соҳибкорон инчунин бо дастгирӣ аз иқдомҳои бунёдкоронаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтаанд, ки 8 километр роҳи ин мавзеъро,  шурӯъ аз маркази деҳаи Сари мазор то ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш намоянд. Ба ин мақсад аллакай роҳро васеъ ва тахту ҳамвор карда, сангфарш намудаанд. Дар чанд мавзеи роҳ кубурҳои обгузар насб карда, аз моҳи июли соли 2020 ба мумфарш кардани он  шурӯъ менамоянд.

Мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мазкур рафтуомади  сокинони шаш деҳаи ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоевро дар ҳама фасли сол ба маркази ноҳия таъмин менамояд.

Январь 11, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд