Баррасии Созишномаи сармоягузорӣ байни ширкати «Авесто Гурӯҳ» ва «Artel Engineeringand Management»
ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineeringand Management»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои дуҷониба ва ташрифи роҳбарияту мутахассисони ҳарду ширкат якчанд маротиба ба шаҳри Душанбе ва Тошканд қарор қабул гардид, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» корхонаи муштарак таъсис дода шавад. Моҳи феврали соли 2019 корхонаи муштараки «Артел Авесто Электроникс» дар шакли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки ҳиссавии байни ду ширкат дар ҳаҷми 50/50-фоизӣ ташкил карда шуд.
Хати истеҳсолӣ, ки дар он 43 номгӯ таҷҳизот ва 129 маҷмӯи мол ва ашё пешбинӣ гардидааст, асосан аз Ӯзбекистон, Россия, Корея ва Чин таҳвил карда шуд. Алҳол хати истеҳсолӣ пурра насб ва ҷобаҷо шуда, марҳилаи омӯзишии барои мутахассисон ба таври тестӣ оғоз намудани истеҳсолот идома дорад. Раванди истеҳсолот дар ду марҳила интихоб гардида, дар марҳилаи якум чангкашак ва обгармкунак, дар марҳилаи дуюм телевизор ва мошинаи либосшӯӣ истеҳсол гардида, дар марҳилаҳои баъдӣ содирот карда хоҳанд шуд. Дар доираи лоиҳаи созишномаи мазкур имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ва дигар дастгириҳо тибқи дархости ҷониби ширкати ӯзбекистонӣ ва ширкати ватанӣ барои 5 сол пас аз тасдиқи созишнома пешбинӣ гардидаанд.
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар» барарсӣ гардид.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






