Баррасии вазъи низоми бонкӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии суботи молиявӣ
ДУШАНБЕ, 30.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи дуюми Шӯро муҳокима гардида, гузориши масъулин дар самти вазъи низоми бонкӣ, фаъолияти Бонки миллӣ ҷиҳати танзими қурби пули миллӣ ва сатҳи таваррум, фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва ҳамкории аъзои Шӯро бо коршиноси Бонки ҷаҳонӣ барои пешбурди фаъолият дар самти нигоҳ доштани устувории низоми молиявӣ, инчунин оид ба мушкилиҳои ҷойдошта шунида шуд.
Ҳамзамон зимни ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯро масъалаҳо вобаста ба хавф ва мушкилиҳои мавҷуда дар фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ, бахусус вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва нақшаи истифодаи маблағҳои қарзии корхона, инчунин механизми маблағгузории касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳаматарафа баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Бо суръат гирифтани рақобат байни давлатҳо ва номуайянӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон, дар самти пешгӯии хавфҳои иқтисодию молиявӣ ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, бахусус молия ва бонкдорӣ, ки бахшҳои калидӣ дар рушди иқтисодиёт ба шумор мераванд, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар ин замина зикр карда шуд, ки бо мақсади таҳкими истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунӣ аввалин маротиба содироти молу маҳсулот тамоюли рушд ва воридот тамоюли коҳишёбанда касб намуд.
Таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, бахусус фаъолияти босамари корхонаҳои азими давлатӣ, ки то андозае рушди низоми молиявӣ-бонкӣ аз он вобаста аст, ҳамкории мутақобилан судманд дар самти ҳамоҳангсозии сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетӣ, инчунин устувор намудани бахши молиявӣ нақши муҳим мебозад.
Бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди низоми бонкию молиявӣ аз ҷониби Шӯро вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва такмили заминаи ҳуқуқӣ оид ба амалӣ гардонидани механизми маблағгузории касри Хазина қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани хавфҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2018 таъсис дода шудааст.








Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид






