Бо пешниҳоди Президент ва ризоияти Маҷлиси миллӣ Юсуф Раҳмон дубора Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод имрӯз дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва дубора ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни иҷлосияи ғайринавбатии палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон иттилоъ дод.
Юсуф Раҳмон дубора ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гаштанашро шаҳодати боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ӯ арзёбӣ намуд. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни посух ба саволҳои аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат, изҳор намуд, ки минбаъд ҳам тамоми саъю талоши худро баҳри таъмини волоияти қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа равона менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки Раҳмон Юсуф Аҳмадзод 22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (алҳол Донишгоҳи миллӣ) хатм карда, дар вазифаҳои гуногун фаолият намудааст: Аз июли соли 1991 — муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе. Аз августи соли 1992 — муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе. Аз феврали соли 1993 – муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз ноябри соли 1993 — муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз декабри соли 1995 — прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе. Аз феврали соли 1997 – муовини сардори Раёсат – сардори шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз октябри соли 1998 — Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе. Аз июни соли 2002 — Прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. Аз феврали соли 2004 – муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 5 марти соли 2010 то 30 январи соли 2012 — Прокурори вилояти Суғд. Аз 30 январи соли 2012 то 14 декабри соли 2014 – сардори шӯъбаи бехатарии ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 14 декабри соли 2014 то 23 январи соли 2015 – муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 23 январи соли 2015 – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Генерал-полковники адлия буда, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.
Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ гардид, ки тибқи он ибораҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» ва Неругоҳи барқи обии «Роғун» бинобар ба ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил гардиданашон аз қонуни мазкур хориҷ гардиданд.








Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон изҳори нигаронӣ намуданд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






