Бо пешниҳоди Президент ва ризоияти Маҷлиси миллӣ Юсуф Раҳмон дубора Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид

Январь 24, 2020 17:53

ДУШАНБЕ, 24.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод имрӯз дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва дубора ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни иҷлосияи ғайринавбатии палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон иттилоъ дод.

Юсуф Раҳмон дубора ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъйин гаштанашро шаҳодати боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ӯ арзёбӣ намуд. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни посух ба саволҳои аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат, изҳор намуд, ки минбаъд ҳам тамоми саъю талоши худро баҳри таъмини волоияти қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  дар ҷомеа равона менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки Раҳмон Юсуф Аҳмадзод 22 марти соли  1966  дар ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (алҳол Донишгоҳи миллӣ)  хатм карда, дар вазифаҳои гуногун фаолият намудааст: Аз июли соли 1991  —  муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе. Аз августи соли 1992 — муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии  шаҳри Душанбе. Аз феврали соли 1993 – муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз ноябри соли 1993  — муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз декабри соли 1995 — прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе. Аз феврали соли 1997 – муовини сардори Раёсат – сардори шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз октябри соли 1998  — Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе. Аз  июни соли 2002 — Прокурори ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе. Аз феврали соли 2004 – муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 5 марти соли 2010 то 30 январи соли 2012  — Прокурори вилояти Суғд. Аз 30 январи соли 2012 то 14 декабри соли 2014  – сардори шӯъбаи бехатарии ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 14 декабри соли 2014 то 23 январи соли 2015 – муовини  якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 23 январи соли 2015 – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Генерал-полковники адлия  буда, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.

Дар иҷлосияи ғайринавбатии  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ гардид, ки тибқи он ибораҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» ва Неругоҳи барқи обии «Роғун» бинобар ба ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил гардиданашон аз қонуни мазкур хориҷ гардиданд.

Январь 24, 2020 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»