Бунёди корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 18.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Cоли сипаришуда ба соҳаи саноати хӯрокворӣ барои воридоти таҷҳизоти технологӣ, васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ ва бунёди корхонаҳои нав зиёда аз 166 миллион сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардид, ки ин ба бунёди 76 корхона ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ бо таъсиси беш аз 800 ҷойи кории нав мусоидат намуд.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, саноати хӯрокворӣ соҳаи муҳим ва ояндадори иқтисодиёти ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, бинобар мавқеи калидӣ доштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок муайян гардидааст. Дар ин росто, соли 2019 ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини устувор ва кафолатнокии аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизогии бехатар ва дорои сифати баланд тадбирҳои муассир андешида шуданд.
Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ, аз қабили корхонаи истеҳсоли равғани растании «Ганҷ»-и ноҳияи Кӯшониён бо иқтидори коркарди 40 ҳазор тонна, коргоҳи истеҳсоли равғани растанӣ дар заминаи ҶДММ «25-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Спитамен бо иқтидори коркарди 14,0 ҳазор тонна зироати равғанидиҳанда ва корхонаи истеҳсоли оби ошомиданӣ ва машруботии «Сиёма»-и шаҳри Душанбе бо иқтидори 23,4 миллион литр дар як сол шаҳодати гуфтаҳост.








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






