Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба ташкили оилаҳои солим машварат доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Асрори оила»- таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ташкили оилаҳои солим машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар машварат муовини ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ Зулфия Аҳмадзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода, устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини ректори Академияи идоракунии давлатӣ Зулфия Аҳмадзода иброз дошт, ки миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкории хуб ба роҳ монда шудааст. Оила як рукни муҳими пойдории ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир ва дар ин радиф тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд. Мавсуф ҳамчунин таъкид бар он дошт, ки «бунёди оила масъулият ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. Модар нахустин мураббии фарзандон буда, онҳоро дар мактаби оила ба камол мерасонад. Аз ин лиҳоз, ҳар модар бояд дар тарбияи фарзанд нақши муассир дошта бошад».
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода иброз намуд, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Пеш аз ҳама, маърифати оиладориро миёни ҷавонону навхонадорон бояд баланд бардошт. Аҳли ҷомеа, бахусус пирони таҷрибаандӯхтаву рӯзгордида, аҳли зиё, омӯзгорон ва доираҳои дигари ҷомеа бо мақсади омода кардани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, никоҳи хешутаборӣ корҳои тарбиявию таблиғотиро дар байни аҳолӣ бояд васеъ ба роҳ монанд. Волидайн бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба тарбияи фарзандони худ беш аз ҳарвақта эътибори ҷиддӣ диҳанд, маърифати оиладорӣ, маданияту одоби муошират омӯзонанд, то онҳо Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи худ зеби даврон гардонанд.
Зикр шуд, ки Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар ҳама минтақаҳои шаҳр пайваста бо оилаҳои осебпазир суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳад. Инчунин раёсат ба муроҷиаткунандагону ҷабрдидагон пайваста маслиҳатҳои равонию ҳуқуқии ройгон расонида, онҳоро зери назорати доимии худ қарор медиҳад. Ҳамчунин дар назди раёсат ҳуҷраи равоншиносону ҳуқуқдонҳо фаъолият намуда, ҳамарӯза ба шаҳрвандон ёрии амалӣ расонида истодааст.
Масъулин ҳадафи баргузории машваратро баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, либоспӯшии ҷавондухтарон, эҳёи суннатҳои миллии аҷдодӣ, пешгирӣ намудани никоҳи барвақтӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, шомилшавии ҷавонон ба равияҳои номатлуб ва ҳаракатҳои тундгаро арзёбӣ намудаанд.
Дар машварат ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ифтихорнома супорида шуд.








Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд






