Дар Чин теъдоди фавтидагон аз коронавирус ба 170 нафар расидааст
ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Чин ба 170 нафар расида, шумораи гирифторони ин беморӣ аз 7711 зиёд гаштааст. Ҳамзамон аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Тибет ба қайд гирифта шудааст. Тавре АМИТ « Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, дар ин бора Кумитаи давлатии тандурустии Чин иттилоъ додааст.
Тибет охирин минтақаи ин кишвар аст, ки он ҷо қаблан бемории илтиҳоби шуш, ки бо сабаби пайдо шудани навъи нави коронавирус рух додааст, ба қайд гирифта нашуда буд.
Дар Иттиҳоди Аврупо 9 ҳолати гирифторӣ ба ин бемориро тасдиқ намуданд.
Як рӯз пеш расман оид ба 5974 нафар бемор ва 132 нафар фавтида хабар дода буданд.
Давоми як шабонарӯз ба ҳукуматдорон аз 1737 ҳолати нави ин беморӣ хабар додаанд, ҳамчунин 38 ҳодисаи фавти одамон қайд гардидааст (38 нафар дар музофоти Ҳубей ва 1 нафар дар Сичуан). Давоми як шабонарӯз 124 нафар аз беморхона ҷавоб шудаанд.
Авҷ гирифтани бемории илтиҳоби шуш дар шаҳри Ухани Чин, воқеъ дар қисми марказии кишвар (музофоти Хубей), ки барангезандаи он навъи нави коронавирус 2019-nCoV гаштааст, ҳанӯз моҳи декабр оғоз шудааст. Берун аз ҳудуди Чин ҳолатҳои сироятшавӣ ҳамчунин дар Гонконг, Макао, Тайван, инчунин дар Тайланд, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Канада, Ветнам, Сингапур, Непал, Франсия, Австралия, Малайзия, Германия ва Финландия сабт гаштаанд.








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






