Дар Душанбе озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад

Январь 23, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 23.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе  озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад. Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмуни мазкур  тасдиқ гардид.  Дар ин бора  қарори  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур  бо мақсади иҷрои банди 19-и «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  тасдиқ гардидааст,  роҳандозӣ мегардад.

Тибқи ин қарор масъулин  вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Январь 23, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад