Дар Душанбе таҳти унвони «Занон ва интихобот» ҳамоиш баргузор гардид

Январь 23, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 23.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  22 январ дар Кумитаи кор бо занон ва  оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Занон ва интихобот” ҳамоиш баргузор гардид. Дар кори он  муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Махфират Хидирзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳилолбӣ Қурбонзода, устодон  ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Чароғи ҳидоят” ва фаъолзанони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар идоракунии давлат маҳсуб шуда, ҳамагондар баргузории он бояд саҳмгузор бошанд.

Махфират Хидирзода афзуд, ки ин маъракаи бисёр муҳими сиёсӣ бояд аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ шаффофу озод сурат гирад. Мавсуф ба ҳозирин тарзи гузаронидани интихоботро пурра фаҳмонида, саҳмгузории занону бонувони мамлакатро дар ин чорабинии сиёсӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Дилноза Аҳмадзода доир ба дастгирии ҷавонон, иштироки онҳо дар корҳои созандагиву ободонӣ, маъракаи муҳими сиёсии дар пеш истода- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҷлиси вакилони маҳаллӣ сухан гуфта, аз ҷумла зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон эҳтироми зиёд доранд. Ҷавононро дӯст медоранд ва тамоми шароитро барои инкишоф ва илмомӯзии онҳо фароҳам овардаанд. Пайваста ҷавононро дастгирӣ менамоянд, онҳоро тарбия месозанд ва ба вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таъйин менамоянд. Такя ба ҷавонон маънии пайванди имрӯзу фардоро дорад. Кумитаи ҷавонон дар навбати худ тасмим дорад, ки дар ин маъракаи муҳим фаъолона иштирок намоянд.

Дар ҷамбасти ҳамоиш иштирокчиён ба саволу пешниҳодҳои худ доир ба интихобот  ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Январь 23, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд