Дар Хоруғ бо иштироки Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр баррасӣ гардиданд

Январь 10, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 10.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Хоруғ ҷиҳати баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр бо иштироки Вазири фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистогн  Шамсиддин Орумбекзода, ки бо дастури Пешвои миллат сарпарастии шаҳрро бар дӯш дорад, ҷаласа оид ба   баррасии натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 ва нақшаҳо барои соли равон  баргузор гардид.

Мудири шуьбаи иқтисоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Хоруғ вобаста ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр дар соли 2019 маьлумот дод. Ҳамчунин масъулони соҳаи молия ва андоз, КВД «Обу корези шаҳр» ва хоҷагии коммуналии шаҳр, раисони шаҳракҳои И. Сомонӣ ва Ш. Шоҳтемур аз фаъолияти солонаи худ гузориш доданд.

Дар ҷаласа муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси ВМКБ  дар соҳаҳои иҷтимоӣ, тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сухан гуфта, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрро барои таъмини саривақтӣ ва босифати супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва роҳбарияти вилоят даъват намуд.

Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ  дар бораи сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ки аз тамоми сарчашмаҳои давлативу хусусӣ ва шарикони рушд маблағгузорӣ мегардад, изҳори назар карда, умедвории худро вобаста ба вусьат додани корҳои ободониву созандагӣ махсус зикр намуд.

Январь 10, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад