Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷаласаи васеи мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии Душанбе баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зикр намуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат фаъолияти кори шуъбаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳамоҳангсозии шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба уҳдаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гузошта шудааст. Аз ин рӯ, Кумита ҳамчун мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, рушду инкишофи варзиш дар мамлакат ва тақвияти кори шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат бо Вазорати маориф ва илм созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонид. Ҳоло Кумита бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чорабиниҳои гуногун ва тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намуда истодааст.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода аз натиҷаи фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат сухан кард. Номбурда аз чумла зикр намуд, ки ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат пайваста чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, озмунҳои илмӣ – адабӣ бо доираи васеи донишҷӯён доир карда мешаванд.
Дар анҷоми ҷаласаи васеи мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе масъалаи тақвияти кори шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2020, омодагӣ ба ҷашнҳои дар пешистода, хусусан Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






