Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷаласаи васеи мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии Душанбе баргузор гардид

Январь 31, 2020 15:31

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зикр  намуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат фаъолияти кори шуъбаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳамоҳангсозии шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба уҳдаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гузошта шудааст.  Аз ин рӯ, Кумита ҳамчун мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, рушду инкишофи варзиш дар мамлакат ва тақвияти кори шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат бо Вазорати маориф ва илм созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонид. Ҳоло Кумита бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чорабиниҳои гуногун ва тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намуда истодааст.

Муовини  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода аз  натиҷаи фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии  мамлакат сухан кард. Номбурда аз чумла  зикр намуд, ки ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат пайваста чорабиниҳои гуногуни варзишӣ,  озмунҳои илмӣ – адабӣ бо доираи васеи донишҷӯён доир карда мешаванд.

Дар анҷоми ҷаласаи васеи мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе масъалаи тақвияти кори шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2020, омодагӣ ба ҷашнҳои дар пешистода, хусусан Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

 

Январь 31, 2020 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия