Дар маркази ноҳияи Дарвоз мағозаи фурӯши китоб боз шуд

Январь 18, 2020 10:12

ДУШАНБЕ, 18.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз мағозаи нави фурӯши китоб дари худро ба рӯи дӯстдорони китоб боз намуд. Ин мағозаи китоб бо маблағгузории чанд нафар аз соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардид ва онҳо тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ барои таъмини мағоза бо китобҳои илмию бадеӣ, бахусус китобу маҷаллаҳо барои кӯдакону наврасон ба таври муштарак саҳм мегузоранд.

 Зимни ифтитоҳи фурӯшгоҳи китоб муовини аввали раиси вилоят Алишер Мирзонаботов гуфт, ки имрӯз бо кумаки соҳибкорону дигар ҷавонмардони саховатпеша дар ҳар як шаҳру деҳоти вилоят толору майдончаҳои варзишӣ, марказҳои дилхушии кӯдакон бунёд мегарданд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ин иқдоми наҷиб ҳамеша  пуштибонӣ мекунад. Акнун вақти он расидааст, ки дар маркази ноҳияҳо ва деҳоти вилоят дасти кам як дӯкони фурӯши китоб бунд шавад. Зеро маҳз мутолиаи бештари китоб ба насли ояндасози миллат имконият фароҳам меорад, ки дар рушди илму иқтисод ва фарҳанг бештар нақш гузоранд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ низ бори дигар таъкид доштанд, ки китоб ва китобхонӣ омили асосии ҳифзи фарҳаги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифтанок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бинои маткаби рақами 65-уми шаҳри Душанбе  нақши мутолиаи  китобро  дар зиндагии ҳар як инсон муҳим хонда, бори дигар хотирнишон намуданд, ки «гузаштагони мо барои мову шумо ва аҳли башар мероси бисёр гаронбаҳову пурқимат, яъне осори ҷовидонаи илмиву адабиро ба мерос гузоштаанд ва омӯхтану аз худ кардани ин мероси бузург барои ҳар яки мо бояд шараф бошад».

 

Январь 18, 2020 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд