Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби соҳибкорон 19 корхонаи саноатӣ, 8 гармхона ва 5 ферма ташкил гардид

Январь 31, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 31.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз ҷониби соҳибкорон 19 корхонаи саноатӣ, 1 сардхона, 8 гармхона ва 5 фермаи чорводорию парандапарварӣ ба истифода дода шуд. Интизор меравад, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ теъдоди ин гуна иншоот ба  21 корхонаи саноатӣ, 9 гармхона, 3 сардхона, 10 фермаи чорводорӣ ва парандапарварӣ расонида шавад.

Дар ин бора ва паҳлуҳои дигари нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  Зариф Назирӣ 30 январ зимни нишасти матбуотӣ  маълумот дод.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, зимни нишаст гуфта шуд, ки давоми соли гузашта дар доираи раванди корҳои ободонию созандагӣ  бо саҳми соҳибкорон навсозии 3 мактаби садамавӣ ва 3 кӯдакистони бекорхобида ба нақша гирифта шуд. То имрӯз дар назди муассисаҳои таълимии №80,64 ва 16 бинои иловагӣ бунёд гардида, дар ҷамоатҳои Хистеварз, Д.Холматов ва шаҳраки Ғафуров 3 кӯдакистон аз таъмир бароварда шуданд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар ноҳия баҳри таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз 1282 банди пешбининамудаи нақшаи чорабиниҳо  758 банди он амалӣ гардидааст.

Январь 31, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард