Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби соҳибкорон 19 корхонаи саноатӣ, 8 гармхона ва 5 ферма ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз ҷониби соҳибкорон 19 корхонаи саноатӣ, 1 сардхона, 8 гармхона ва 5 фермаи чорводорию парандапарварӣ ба истифода дода шуд. Интизор меравад, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ теъдоди ин гуна иншоот ба 21 корхонаи саноатӣ, 9 гармхона, 3 сардхона, 10 фермаи чорводорӣ ва парандапарварӣ расонида шавад.
Дар ин бора ва паҳлуҳои дигари нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Зариф Назирӣ 30 январ зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, зимни нишаст гуфта шуд, ки давоми соли гузашта дар доираи раванди корҳои ободонию созандагӣ бо саҳми соҳибкорон навсозии 3 мактаби садамавӣ ва 3 кӯдакистони бекорхобида ба нақша гирифта шуд. То имрӯз дар назди муассисаҳои таълимии №80,64 ва 16 бинои иловагӣ бунёд гардида, дар ҷамоатҳои Хистеварз, Д.Холматов ва шаҳраки Ғафуров 3 кӯдакистон аз таъмир бароварда шуданд.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар ноҳия баҳри таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз 1282 банди пешбининамудаи нақшаи чорабиниҳо 758 банди он амалӣ гардидааст.








Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад
«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026». Дар намоиши байналмилалӣ беш аз 60 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд
КИШТИ ТАКРОРӢ. Чӣ тавр аз як замин ду ё се ҳосил ба даст оварем?
Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» оғоз мегардад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ оғоз гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Шаҳристон шинос шуд
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: «Тоҷикистон дорои имкониятҳои назарраси сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад»
Рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии ҳосили полезӣ идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти ҷалби сармоягузорӣ тақвият дода мешавад






