Дар Пекин таҳти унвони «TOUR – PORTRAIT» намоиши санъати чеҳранигорӣ ҷараён дорад

Январь 2, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 02.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи санъати Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «TOUR – PORTRAIT» бо иштироки давлатҳои аъзои СҲШ (ШОС) намоиши санъати чеҳранигорӣ ифтитоҳ гардид, ки то 20 марти соли 2020 идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, намоиши мазкур 28 декабри соли 2019  кушода шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кори он ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода иштирок намуда, сухан гуфт.

Мавриди зикр аст, ки дар ин намоиш асарҳои 14 нафар мусаввири  тоҷик, аз ҷумла рассомони халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарипов, Юсуф Сангов, арбобони ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов, Фаррух Хоҷаев, Акмал Миршакаров ва дигарон ба маъраз гузошта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки намоиши мазкур асарҳои рассомони тоҷикро ба аҳли фарҳангу  санъати тасвирии ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Январь 2, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст