Дар шаҳри Истаравшан шаш лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди шаҳри Истаравшан шаш лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои барқарорсозии низоми обтаъминкунӣ, дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот, тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, интиқоли қувваи барқ ва таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ гардида истода, маблағи умумии азхудкардашуда дар доираи лоиҳаҳои зикргардида 3,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Ин нукта зимни маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2019 иброз гардид.
Маҷлис дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода, ки роҳбарии гурўҳи корӣ оид ба корҳои ободонӣ дар шаҳри Истаравшанро бар дўш дорад, доир гардид.
Зимни ҷаласа зикр гардид, ки соли 2019 нишондодҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бо дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,2 % таъмин гардида, ба буҷет 196 млн. 672,7 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Шумораи умумии соҳибкорони хурду миёна дар давраи ҳисоботӣ 13795 нафарро ташкил дод. Дар шаҳри Истаравшан 47 корхонаи саноатии хурду калон фаъолият намуда, бобати рушди соҳаи саноатии шаҳр саҳми босазо мегузоранд. Дар ин давра маҷмўи маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, ба маблағи 529 млн. 167,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид.
Соли 2019 чор корхонаи нави истеҳсолӣ-саноатӣ оид ба истеҳсоли хишт, сангҳои ороишӣ, истеҳсоли орд ва маҳсулоти пластмасӣ, инчунин ҳашт корхонаи хурди саноатӣ дар маҷмўъ бо 91 ҷойи корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои воридотивазкунии молу маҳсулот ва дар ин замина афзоиши дўхтани либос, хусусан либоси ягонаи мактабӣ, дар шаҳр беш аз 30 адад сехи дўзандагӣ фаъолият намуда, аз ҷониби онҳо дар ин давра 75400 дона либос дўхта шудааст. Дар марказҳои таълимии дастии атласу адрасбофӣ дар ҳаҷми 2875 метр матоъ истеҳсол гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1 млрд. 205 млн. 674,8 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки 106% иҷрои нақшаро ташкил карда, бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68 млн. 257,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бо назардошти аҳамияти махсус доштани кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла дар рушди соҳаи саноатӣ, дар ин самт барномаҳои махсус қабул гардида, соли 2019 нақшаи истеҳсоли пилла 100% таъмин карда шуд. Дар ҳудуди шаҳр шонздаҳ гармхона дар масоҳати 1,67 га мавҷуд буда, дар онҳо 19,3 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст.
Ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бунёди 450 иншоот дар назар дошта шудааст. То имрўз 267 – тои он (соли 2018 – 112, 2019 – 155) мавриди истифода қарор гирифтаанд.








Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд
Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба беш аз 5 миллиард сомонӣ расонида шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан бунёд карда мешавад
Бонкҳо ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон ба соҳибкорон беш аз 6,3 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд






