Дар шаҳри Роғун ба 21 нафар маҳбуси афвшуда кумакҳои пулӣ ва ройгони тиббӣ расонида шуданд

Январь 30, 2020 16:11

ДУШАНБЕ, 30.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун мулоқоти раиси шаҳр Музаффар Сулаймонзода ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ  бо маҳбусоне,  ки аз адои минбаъдаи ҷазо озод шудаанд, баргузор шуд. Дар вохӯрӣ раиси шаҳр ба шахсони афвшуда барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва  ба касбу кори доимӣ машғул шудан маслиҳатҳо дод.

Ҳамзамон ба шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун супориш дода шуд, ки афвшудагонеро, ки маълумоти зарурӣ надоранд, ба курсҳои кӯтоҳмуддат ва касбомӯзӣ фаро гиранд.

Бояд ёдовар шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  авф» 25 октябри соли 2019 ба тасвиб расид,  ки  дар доираи қонуни мазкур аз  шаҳри Роғун 21 нафар маҳбус ба озодӣ  баромаданд.

Дар ин давра аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун ҷиҳати расонидани кумаки иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити меҳнатӣ ва расонидани ёрии моддию ҳуқуқӣ барои рафъи оқибатҳои адои ҷазо ба 19 нафар афвшуда дар давраи бекориашон кумакпулии яквақтаина ба маблағи 7600  сомонӣ  расонида шуд.

Ҳамчунин 8 нафар озодшуда, ки ба  Маркази саломатии шаҳрӣ барои табобат муроҷиат кардаанд, аз ташхиси пурраи тиббии  ройгон гузаронида шуда, ба табобат фаро гирифта шуданд.

Январь 30, 2020 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд