Дар СММ ба ИМА баъди сарпечӣ аз додани раводид ба роҳбари ВКХ-и Эрон уҳдадориҳоро хотирнишон сохтанд

Январь 8, 2020 09:17

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд уҳдадориҳои худро марбут ба раводид иҷро намоянд. Чунин изҳоротро намояндаи расмии котиби муншии СММ Стефан Дюжаррик манзур намуд,-хабар медиҳад агентии иттилоотии Россия «Новости».

Бино ба гуфтаи ӯ, СММ барои риояи созишнома аз ҷониби давлати қабулкунанда пофишорӣ менамояд.

Дюжаррик ҳамчунин изҳори умед кард, ки ИМА ба ваъдаи худ вафо мекунад, алалхусус пас аз қазияи  раводид барои роҳбари ВКХ-и Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф.

Қаблан хабар дода шуд, ки ИМА ба Зариф, ки нияти рӯзи панҷшанбе, 9 январ ширкат намудан дар ҷаласаи Шӯрои бехатарии СММ-ро дошт, раводид надоданд. То ин дам ба вазири  Эрон раводиди амрикоӣ барои ташриф ба СММ дода мешуд, вале ҳар ҳаракати ӯ дар қаламрави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зери назорати қатъӣ қарор дошт.

 

Январь 8, 2020 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд