Дар Суғд истеҳсоли гӯшт ва шир рӯ ба афзоиш ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 11.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар вилояти Суғд 58 648,6 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли пешин зиёд мебошад. Соли гузашта истеҳсоли гӯшт дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Исфара, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора аз маркази матбуотии раиси вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ, аз ҷумла моҳии пешонағафсӣ сафед 21,4 фоиз, зағорамоҳӣ 14,3 фоиз, амури сафед 10,9 фоиз, суфмоҳӣ 9,2 фоиз ва дигар намуди он 44,2 фоизро ташкил намудааст. Ҳамчунин ҳаҷми истеҳсоли шир ба 269 224,9 тонна расида, ба миқдори 429 миллиону 919,3 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 зимни суханронӣ бо кормандони соҳаи саноати мамлакат изҳор доштанд, ки «Барои ҳавасманд намудани фаъолият дар самти истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, рушди соҳаи парандапарварӣ ва моҳипарварӣ, истеҳсоли хӯроки чорво, моҳӣ ва паранда низ имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ҷорӣ карда шуданд. Илова бар ин, соли равон воридоти чорвои зотӣ ва гӯштӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд».
Бояд гуфт, ки ҳамин имтиёзҳои ҷоринамудаи Ҳукумати мамлакат аст, ки дар вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ соҳаи муҳими истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти он – чорвопарварӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ рушд меёбад.








Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд






