Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба иди касбӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

Январь 25, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 25.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба  Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки  ҳамасола дар ҷумҳурӣ   25 январ таҷлил мегардад, маҷлиси тантанавӣ  доир шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар ҷамъомади тантанавӣ  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода сухан гуфта,  иштирокдоронро  бо иди касбиашон табрик намуд.

Гулрӯ Ҷабборзода, аз ҷумла, зикр кард, ки   шурӯъ аз соли 2013 ҳамасола дар ҷумҳурӣ  Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  таҷлил карда мешавад. Соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, имрӯзҳо дар соҳаи мазкур (дар системаи вазорат) зиёда аз 7000 нафар  фаъолият доранд.

Номбурда таъкид намуд, ки  кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки асосан дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият доранд, бобати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ, такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши босазо мегузоранд.

Зикр гардид, ки мояи  ифтихор аст, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи мазкурро Шукурҷон Зуҳуров  (ҳоло Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), Худобердӣ Холиқназаров, Рафиқа Мусоева, Мамадшо Илолов, марҳум Зокирҷон Вазиров, Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Сумангул Тағойзода ба зимма доштанд.

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ  чун анъана дар Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як зумра  кормандон барои ноил гардидан ба дастовардҳо ва комёбиҳои хизматӣ  бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ  гардиданд.

Хотиррасон мешавем, ки  маҳз бо заҳмату талоши кормандони соҳаи мазкур Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи ҳадди ақалли зиндагӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва ғайраҳо таҳия шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки дар тобеияти  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад,  барои таъмин гардидани  аҳолӣ бо ҷойи кор  мусоидат менамояд. Агентӣ   ҳамчунин  ба  бекорон кумакпулӣ  пардохт  намуда, барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро ба роҳ мондааст.  Бо  ин мақсад  аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар мамлакат ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида  мешаванд,  ки тавассути онҳо шаҳрвандон  соҳиби ҷои кор  гардида,  нафарони бетахассус ба касбомӯзӣ роҳхат мегиранд.
Кормандони соҳаи меҳнат хамчунин дар робита ба пешгирию бартарафсозии қонунвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат, ҷуброни  ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон бевосита мусоидат менамоянд.

Ин  вазифа ба дӯши сохтори дигари ин вазорат — Хадамоти давлатии назорат дар  соҳаи  меҳнат,  шуғл  ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор гардидааст.

Хадамоти мазкур вазифаҳои  назорату санҷиши  давлатӣ  оид  ба  риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар   бораи меҳнат,  қоидаҳои ҳифзи меҳнат,  стандартҳо ва  меъёрҳои   бехатарии   меҳнат,   гузаронидани ташхиси шароити меҳнат, шуғл, муҳоҷират, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар корхонаҳо,  муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият анҷом медиҳад. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти  иҷроия,  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии   ҳокимияти   давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ,  созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилот анҷом медиҳад.

Иттифоқҳои касаба бо мақомоти идоракунии давлатӣ назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқҳои иҷтимоии аъзои иттифоқи касаба, муайян намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ, андозаи ҷубронпулиҳо вобаста ба болоравии нархҳо, муқаррар намудани ҳаҷми маблағи камтарин барои рӯзгузаронӣ ва вобаста ба индекси нархҳо сари вақт таҷдиди назар кардани музди меҳнат, мукофотпулӣ, кумакпулиҳо ва дигар масъалаҳои ба он марбутро ба уҳда доранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд