ДАРАХТ БИНШОН! Дар хоҷагии «Абдукарим»-и шаҳри Левакант 58 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда парвариш мешаванд

Январь 6, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 02.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ дар шаҳри Левакант аз хоҷагии ниҳолпарварии «Абдукарим» дидан намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, майдони умумии хоҷагии мазкур 2,04 гектар буда, дар он 58 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда парвариш карда мешаванд. Роҳбари хоҷагии мазкур Хуҷамурод Шомуродов ба раиси вилоят маълумот дод, ки дар ин мавзеъ аз ҷумла 10 ҳазор бех гелос, 15 ҳазор бех олу, 8 ҳазор бех нок, 5 ҳазор бех чормағз, 12 ҳазор бех шафтолу ва 30 ҳазор бех арчаи ҳамешасабз парвариш карда мешаванд.

Дар назди хоҷагии ниҳолпарварии «Абдукарим» инчунин як адад гармхонаи лимӯпарварӣ ва як адад гармхонаи гулпарварӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 30 ҳазор бех гули садбарг, 20 ҳазор бех гули карамшакл ва ҳазор бех палма парвариш мешаванд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо изҳори миннатдорӣ ба роҳбарону кормандони хоҷагии ниҳолпарварии «Абдукарим» зикр намуд, ки масъулони корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар шаҳри Левакант метавонанд гулу буттаҳо ва ниҳолҳоро аз хоҷагии мазкур дастрас намоянд.

Тавре раиси шаҳри Левакант Заррина Давлатзода иттилоъ дод, айни ҳол дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии шаҳр 200 гектар боғҳои мевадиҳанда мавҷуданд, ки 60,7 гектари онро зардолу, 30 гектарашро олу, 24,5 гектарашро шафтолу, 21,9 гектарашро бодом, 18 гектарашро анор, 8 гектарашро хурмо, 7 гектарашро чормағз, 6 гектарашро себ ва 4,4 гектарашро анҷир ташкил медиҳад.

То имрӯз аз майдони 200 гектар боғҳои мевадиҳанда тибқи дурнамо 342 тонна (100,3%) мевагӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки назар ба соли гузашта 109 тонна афзун мебошад.

Зикр гардид, ки соли равон дар мавсими ниҳолшинонӣ аз тарафи хоҷагиҳои ниҳолпарварии шаҳри Левакант ба миқдори 11 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаву ороишӣ ба фурӯш бароварда шудаанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарият, масъулони соҳаи кишоварзӣ ва сабзазоркунии шаҳри Левакант дастур дод, ки ба корҳои ободонӣ дар шаҳр вусъат бахшида, ба масъалаи шинонидани гулҳо, хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо, яхобмонӣ ва барқароркунии боғҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Январь 6, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд