Диловар Қодирзода бо Сафири нави шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Январь 17, 2020 13:23

ДУШАНБЕ, 17.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода 16 январ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Лоусан мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Д. Қодирзода робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро мусбат арзёбӣ карда, иброз дошт, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои ҳар ду ҷониб мебошад. Ӯ хусусан рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ҳар ду давлатро муҳим дониста, зикр намуд, ки зарфият ва имкониятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт пурра истифода нашудаанд.

Диловар Қодирзода зимнан дар бораи масъалаҳои сиёсию амниятӣ сухан ронда, моҳияти сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба меҳмон шарҳ дода, қайд кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мусолиматомези тамоми масъалаҳои баҳсноки минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мебошад.

Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Лоусан ба рушди робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Британияи Кабир ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, таҳкими онҳоро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатии худ дар Ҷумҳури Тоҷикистон номид. Ӯ аз робитаҳои фарҳангии мардумони англис ва тоҷик ёдовар шуда, тазаккур дод, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф, адабиёту санъат ва махсусан, соҳаи туризм, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд.

Зимни мулоқот инчунин, ҳар ду тараф масъалаҳои амнияти минтақавию ҷаҳон, ҳалли мусолиматомези муноқишаҳо ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об дар доираи фаъолияти СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, дипломатияи об барои рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, вазъи экологии минтақа, наҷоти баҳри Арал ва ғайраро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Январь 17, 2020 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад