Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд

Январь 8, 2020 16:08

ДУШАНБЕ, 08.01.2020. /АМИТ “Ховар”/. 8 январи соли 2020 дар ноҳияи Шаҳринав конфронси муштараки кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор баргузор гардид. Ба рўзномаи конфронс як масъала: Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатӣ № 6, аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ворид гардида буд.

Вакилони конфронс  директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзуллоро  ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

Комиссияи баҳисобгирии овозҳои конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор натиҷаи  овоздиҳии пинҳонии вакилони конференсияи оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии  Баротзода Файзуллодар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шаҳринав №6 баъд аз ҳисоби овозҳо муқарар намуд.

Баротзода Файзулло 10 феврали соли 1962 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  бо ихтисоси муаллими забони арабӣ ва забону адабиёти тоҷик хатм кардааст. Солҳои 1985 – 1989 ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии Сурия фаъолият намудааст. Фаъолияти минбаъдаи ў асосан дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ходими хурди илмии Институти шарқшиносӣ идома ёфта, то ҷонишини директори Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва  ёвари Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз 13 феврали соли 2015  дар мансаби  директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад. Мавсуф яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷомеаи кишвар ба ҳисоб рафта, тариқи расонаҳо дар мавзўъҳои ҳалталаби ҷомеа ҳамеша назару андешаи хоси худро дорад.

Дар кори конфронс Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Хонзода Абдураҳмон иштирок намуданд.

Январь 8, 2020 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид