Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 08.01.2020. /АМИТ “Ховар”/. 8 январи соли 2020 дар ноҳияи Шаҳринав конфронси муштараки кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор баргузор гардид. Ба рўзномаи конфронс як масъала: Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатӣ № 6, аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ворид гардида буд.
Вакилони конфронс директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзуллоро ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Комиссияи баҳисобгирии овозҳои конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор натиҷаи овоздиҳии пинҳонии вакилони конференсияи оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Баротзода Файзуллодар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шаҳринав №6 баъд аз ҳисоби овозҳо муқарар намуд.
Баротзода Файзулло 10 феврали соли 1962 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими забони арабӣ ва забону адабиёти тоҷик хатм кардааст. Солҳои 1985 – 1989 ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии Сурия фаъолият намудааст. Фаъолияти минбаъдаи ў асосан дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ходими хурди илмии Институти шарқшиносӣ идома ёфта, то ҷонишини директори Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва ёвари Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз 13 феврали соли 2015 дар мансаби директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Мавсуф яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷомеаи кишвар ба ҳисоб рафта, тариқи расонаҳо дар мавзўъҳои ҳалталаби ҷомеа ҳамеша назару андешаи хоси худро дорад.
Дар кори конфронс Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон иштирок намуданд.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






