Дурнамои шудгори заминҳои кишоварзӣ дар мамлакат 88% иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ медиҳад, ки то 17 январ дар 498 ҳазору 802 гектар шудгор гузаронида шудааст, ки 88%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад. Маълум аст, ки барои омода намудани замин ба киштукори баҳорӣ пеш аз сардиҳои зимистон шудгори хушсифат анҷом дода мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мувофиқи дурнамо, имсол дар 609 ҳазору 645 гектар шудгор гузаронида мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2517 гектар зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар фасли зимистон шудгор намудану яхоб мондани заминҳои шудгоршуда манфиати зиёд дорад. Тавассути шудгоркунӣ ва яхобмонӣ ҳашароти зараррасон ва бемориҳо нобуд мегарданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дурнамои шудгори заминҳо дар вилояти Хатлон 88%, вилояти Суғд 75%, ВМКБ 55% ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 78%-ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, барои сари вақт ва бо сифати хуб ба анҷом расонидани маъракаи шудгор 27 ҳазору 776 адад трактори гуногунтамға сафарбар карда шудаанд, ки аз он 6271 ададаш мавриди истифода қарор доранд.
Ба гуфти кишоварзон, шудгоркунӣ ва яхобмонӣ маъракаи муҳим барои кишоварзон мебошад. Зеро ҳангоми шудгор хок омезиш ёфта, тухми алафҳои бегона, зараррасону барангезандагони бемориҳои зироати хушк ба зери хок афтида, нобуд мегарданд. Дар қабати поёнии шудгор бо таъсири намии дубора ва микрофлораи фаъоли муфиди хок моддаҳои ғизоии барои растанӣ зарурӣ зиёд мешаванд.
Олимони соҳаи кишоварзӣ барои маъракаи шудгор тракторҳоеро, ки пешплуг доранд, тавсия медиҳанд. Ба гуфти онҳо, пешплуг қабати сатҳии заминро бурида, ба даруни ҷӯякҳо мепартояд, яъне хокгардони корпуси асосии плуг қабати сатҳи заминро бурида, ба болои қабати дар даруни ҷӯякҳо хобида чаппагардон мекунад.
Ин беҳтарин навъи шудгор дониста мешавад. Аз ин рӯ сатҳи қабати замини шудгоршуда ҳамвор гардида, корҳои минбаъдаи пеш аз киштро осон мегардонад.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






